Китобхонаи миллии Тољикистон Маркази тољикшиносї ТО Љ НОМА Силсилаи Тољикон дар масири тамаддун АВАСТО Душанбе « Бухоро », 2014 ББК 63.3 (2 тољик )+87.3(2 тољик )+86.38 А –21 Муњаррирони масъул : Назри Яздонї , Њуринисо Ализода Тањиягарон : Бобо - Назар Ѓафор , Муњтарам Њотам , Муаззами Диловар Авасто Љилди I. – Душанбе : « Бухоро », 2014. – 784 сањ © Китобхонаи миллии Тољикистон ,2013 СИЛСИЛАИ МАЗКУР БО ЊИДОЯТ ВА ДАСТГИРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН МУЊТАРАМ ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БА ЧОП РАСИД ‐ 4 ‐ Эмомалї Рањмон ОРИЁИЊО ВА ШИНОХТИ ТАМАДДУНИ ОРИЁЇ Истиќлолият дар таърихи давлатдории тољикон ва сарнавишти миллати тољик оѓози марњилаи сифатан нав гардида , барои шинохт ва дарёфти арзишњои тамаддуну фарњанги миллї заминаи устувору пойдор фароњам овард Марњилаи навин зарурати омўзиш ва тањќиќи амиќу њамаљонибаи арзишњои таърихиву фарњангии чандин - њазорсолаи миллатро бар пояи воќеияти таърих дар миён нињод Мањз ба манзури арљ гузоштан ба мероси таърихиву фарњангї ва сарватњои моддиву маънавии дар тўли њазорсолањо офаридаи ниёгони миллати тољик ва нишон додани арзиши ин фарњанги асил ва беназир барои наслњои имрўзу фардо ва љањониён мо соли 2006- ро Соли бузургдошти тамаддуни ориёї эълон кардем ва ахдофи онро ба таври возењ баён доштем Ба ин маънї дар паёми табрикии худ ба муносибати Соли нави 2006 таъкид карда будам : « Њадафи асосии бузургдошти Соли тамаддуни ориёї њамчун мероси сирф фарњангї асосан пос доштани арзишњои маьнавї , илмї ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарњанг - офарини тољик мебошад , то ин ки наслњои имрўз ва ояндаи миллати мо аз он ба таври васеъ бањрабардорї карда , барои рушду такомули њастии худ кўшиш намоянд Зеро дар тўли таърих миллати тољик њамеша њаракатњои нажодпарастї , миллатгарої ва бузургманиширо инкор ва мањкум месозад ». Дар ин љо лозим медонам як нуктаи дигарро илова намоям : вобаста ба эълони бузургдошти тамаддуни ориёї сару садоњое баланд гардиданд , ки гўё омўзиши тамаддуни ориёї ва арзишњои он ба сатњи диёнат ва эњсоси динии мардуми мусулмони мо халал ворид мекарда бошад Чунин гузориши масъала бе бунёд ва аз воќеият дур аст Воќеият ин аст , ки мо тамаддуни ориёиро њамчун падидаи сирф фарњангї баррасї карда , ба наслњои имрўзу оянда омўхтани онро ба хотири шинохти бењтар ва амиќтари баромади таърихии миллатамон талќин менамоем Ва ин амал пояњои дини мубини исломро , ки аксарияти мутлаќи мардуми мо пайрави ‐ 5 ‐ онанд , заррае халалдор нахоњад кард Зеро ислом дар давоми асрњои дароз ба тарзи њаёт ва ќисми таркибии зиндагии миллати мо табдил ёфтааст Воќеан , тамаддуни ориёї бо арзишњои фарњангиву ахлоќии хеш дар ташаккули тамаддуни башарї ва робитаи тамаддунњо ва фарњангњо наќши бисёр муњим бозидааст , ки осори таърихии бадастомада дар сарзаминњои зисти мардумони ориёї ва дигар кишварњо далели он мебошад Арзишњои мерос ва фарњанги ориёї на танњо ифтихори ворисони он , балки ифтихори тамоми башарият ва мероси таърихии башарї дониста мешаванд Љавњар ва бунёди ин фарњанг бар пояи андеша ва ахлоќи башардўстї ва маќоми волои инсон устувор гардидааст Се меъёр ё усули ахлоќ ва ё андешаи тарбияи инсон , ки бо шиори пиндори нек , гуфтори нек , кирдори нек аз номи паёмбари оини ориёї гуфта шудааст , дар бунёди худ дар њељ тамаддуни дигар њамто надорад Китоби муќаддаси мардумони ориёї - Авесто , ки мањсули андеша ва љањонбинии фалсафию динї ва ахлоќии ин мардумон аст , дар радифи осори арзишманди љањонї ќарор дорад ва ин асар ифтихори тамоми мардумони ориёинажод ва башар мебошад Фар - њанги воло ва хиради тавонои мардумони ориёї ва ворисони он буд , ки чунин асар аз њазорсолањои ќабл аз милод то замони китобати он дар ањди Сосониён аз роњи њифз кардан дар зењну њуши донишмандон ва фарњангиён аз насл ба насл интиќол ёфтааст Ориёињо дар таърих давлату давлатдорињои мутамаддини бузургеро чун Каёниён , Њахоманишиён , Кушониён , Ашкониён , Сосониён , Њайтолиён , давлатњои Су ғ д , Бохтар , Хоразм ва нињоятан давлати бузурги миллии Сомониёнро таъсис дода ва дар ин давлатњо тамаддунњои дурахшонеро офарида , ба љањониён ва тамаддуни љањонї арза доштаанд Њамаи ин давлатдорињо мањсули хирад ва фарњанги куњани мардумони ориёї , ќабл аз њама ориёињои шарќи сарзамини Ориё - гузаштагони бевоситаи тољикон буда , ифтихори бузурги таърихи мо мебошанд Дар ин маќола мехоњам дар робита ба тамаддуни ориёї чанд нуктаро дар мавриди воќеияти корбурди истилоњи таърихии ориё дар осори куњан , тањриф ва суиистифодаи номи « арйа » аз љониби нажодгароён дар асри XX, чигунагии раванди ташаккули забонњои ориёии эронї дар тўли таърих ва масоили дигари муњими шинохти мардумони ориёї ва тамаддуни ориёї , ки дар илми љањонї мавзўи бањсњои доманадори олимони кишварњои гуногун мебошанд , баён намоям Ошноии донишмандони аврупої ба забони санскрит ( њиндии бостон ) дар нимаи дуввуми асри XVIII ва дарёфти муштаракоту ‐ 6 ‐ њамоњангињои ин забон бо чанде аз забонњои аврупої дар марказњои илмии Аврупо , ба хусус Олмон масъалаи зарурати омўзиши муќоисавии таърихии забонњоро пеш овард Њамин буд , ки дар нахустин марњалаи пайдоиши забоншиносии муќоисавии таърихї дар асри XIX асосњои грамматикаи санскрит њамчун намунаи куњан аз забонњои њиндуаврупої бо чанде аз забонњои дигари ин хонавода мавриди муќоиса ќарор гирифт Бар асоси чунин муќоиса то љое назарияи хешовандї ва пайванди таърихии бархе аз забонњо мисли санскрит , юнонї , лотинї , эронї ( форсї ) ва германї ошкор ва собит карда шуд Забоншиноси олмонї Ф Бопп - яке аз донандагони забони санскрит дар асоси муќоисаи санскрит бо дигар забонњо чанд тањќиќот анљом дода , онњоро тањти истилоњи забонњои њиндуаврупої номгузорї кард Баъдан забоншиноси дигари олмонї А Шлейхер бар ивази ин истилоњ дар забоншиносии Олмон истилоњи њиндугерманиро ворид сохт , ки он фавран мавриди ќабули забоншиносони миллатгаро ва ќисман нажодгарои он давр ќарор гирифт Ф Шлегел фарзияеро дар бораи ќадимияти санскрит ва аз ин забон ибтидо ёфтани дигар забонњои њиндуаврупоиро пешнињод карда , бо таваљљуњ ба маќоми таърихии санскрит ва номи нажоди ориоии њиндї истилоњи ориёиро ба кор бурд , ки он баъдан муодили истилоњи њиндуориёї ќарор дода шуд Ин истилоњ аз љониби бархе аз забоншиносони охири асри XIX ва о ғ ози асри XX, аз љумла забоншиноси рус В А Богородитский дар таркиби номи ориёаврупої ( ариоевропейский ) бар ивази истилоњи њиндї , яъне њиндуаврупої истифода гардид Дар забоншиносии Олмон аз он давра ба баъд истилоњи ориёї ( дар забони олмонї – ариш ) њам ба маънои њиндугерманї , яъне њиндуаврупої ва њам ба маънои њиндуориёї ба кор меравад Дар њамин давраи шаклгирї ва тањаввули андешањои мухталиф дар мавриди гузаштањои дури таърихи ташаккули ќавмњо , нажодњо ва забонњо чанд тан аз донишмандони олмонї - бостоншинос Коссин , мардумшинос Мук ва забоншинос Гирт фарзияеро пешнињод карданд , ки мутобиќи он нахустин мардумони њиндуаврупої ( дар истилоњи онњо њиндугерманї ) дар пањнои шимоли Германия ќарор доштаанд Ин назария дар тањќиќоти як гуруњ аз нажодпарастон ба монанди Пенк , Шпрокгорф ва чанде аз њамандешони онњо табли ғ ва мардумони олмонї њамчун асилтарин њомилони ба истилоњ « нахустнажоди њиндуаврупої » муаррифї гарди - даанд Бар пояи њамин андеша ва гумон нажодпарастон дар зењни мардум тафаккури ба истилоњ нажоди покро ворид сохта , мардумони ориёиро њамчун идомабахши мустаќими ќабоили њиндуаврупої ба ‐ 7 ‐ ќалам додаанд Бояд тазаккур дод , ки ин андеша дар пояи илми забоншиносии муќоисавии таърихї ва дастовардњои ин илм дар он замон аз љониби бештар забоншиносони Аврупо рад гардида буд Бо вуљуди ин , фарзияи мазкур дар бораи ватани нахустини њинду - аврупоиён будани сарзамини Олмон дар о ғ ози асри XX дар миёни нажодпарастон хеле густариш пайдо карда , доирањои васеъро фаро гирифт Дар мавриди ботил будани ин њама фарзия ва тахайюлот метавон андешањо ва навиштањои чанде аз донишмандонро зикр кард Забоншиноси варзидаи рус академик В М Жирмунский матолиби зиёдеро ба забонњои германї оварда , ки дар пояи њамин сиёсати нажодпарастї мардумони германї њамчун бумиёни асили нажоди њинду - аврупої муаррифї гардида , мардумони дигари њинду - аврупої , ки ватани нахустини худро тарк гуфта буданд , гўё дар сарзаминњои нави сукунати хеш бо дигар ќабоили ғ айрињинду - аврупої омезиш ёфтаанд ва њамин тариќ асли нажоди худро аз даст додаанд Ин донишманд дар идома меафзояд , ки нуктаи авомфи - ребонаи ин назарияи ғ айриилмї асоси ғ ояи таълимоти машњури фашизм дар бораи нажоди « шимолї » ва ё « ориёї » мебошад , ки бештари намояндагони онро гўё мардумони германии ќадим ва олмонињои имрўзї њамчун ворисони мустаќими онњо ташкил медодаанд В М Жирмунский пас аз баррасї ва тавзењоти илмї дар бораи таърихи ќабилањои германї ва чигунагии ташаккули даврањои таърихии забони олмонї дар робита ба ин бофтањои доирањои нажодпарастї чунин нигоштааст : « Њамин тариќ , маълу - моти таърихї дар бораи пайдоиши забон ва миллати германї назарияи фашистиро дар бораи покии нажодии мардумони германї њамчун сохтакории фањш дар таърих ошкор мекунад ». Таърихшинос ва ховаршиноси рус М М Дяконов дар тањќиќоти хеш « Мухтасари таърихи Эрони бостон » дар бораи тањрифи истилоњи ориёї ( ариш ) аз сўи нажодпарастон ба хотири манфиатњои нажодиашон чунин овардааст : « Нажодпарастон бо истифодаи вожаи ориёињо дар баёни ба истилоњ « нажоди олї »- и сохта ва бофтаи худ ин истилоњро тањриф кардаанд Аммо донишмандони асил њанўз то о ғ ози Љанги љањонии дуввум аз ин шеваи корбурди истилоњи мазкур худдорї ва дар муќобили чунин истифодаи он эътироз менамуданд ». Вай дар идома бо истинод аз ду донишманди олмонї меафзояд : « Њамин тавр , соли 1939 Э Њертсфелд ва А Кис чунин навиштаанд : Маводе , ки мо дар ихтиёр дорем , робитаи ориёињоро бо « нажоди шимол »- и Аврупо таъйид намекунад Мардумони ориёї бо лањљањои ориёї таќрибан аз соли 900 пеш аз милод ба гуфтугў кардан о ғ оз намуда буданд ». ‐ 8 ‐ Дар бораи мансуб будани номи ориёї танњо ба мардумони эронї ва њиндї ва ё дар маљмуъ мардумони њиндуэронї таќрибан њамаи муњаќќиќон назари ягона доранд : яке аз забоншиносони варзидаи франсавї дар риштаи забонњои њиндуаврупої ва њиндуэронї А Мейе дар пажуњиши маъруфи хеш ( Усули муќаддимотї дар тањќиќи муќоисавии забонњои њиндуаврупої ) барњаќ нигоштааст : « Номи этникие , ки бо ин ном мутобиќат мекарда бошад , дар њељ кадом аз лањљањои дигари њиндуаврупої вуљуд надорад ; аз ин рў танњо лањљањои њиндуэронї метавонанд ориёї номида шаванд ва дар Олмон истилоњи « ариш »- ро дар њамон маъное , ки мо њиндуэрониро ба кор мебарем , мавриди истифода ќарор дода буданд ». Муњаќќиќони таърихи бостон Г Ф Илин ва И М Дяконов дар китоби дастљамъии « Таърихи љањони бостон » дар робита ба мансубияти истилоњи « арйа » чунин навиштаанд : « Дар миёни њиндуэронињо ( ва фаќат дар миёни онњо ) истилоњи « арйа » ба маънои « наљиб , асил » хеле маъмул буд Гумон меравад , ки узви ќабилањое , ки дар иттињоди ќабилавии он даврон дар маќоми сарварї ќарор доштаанд , худро бо ин ном мехондаанд Аз ин рў ќавмњои дорои забони њиндуэронї дар истилоњи илмї дар бештар маврид ориёї номида мешаванд ». Дар илми забоншиносии љањон имрўз истилоњи ориёї њамчун номи этникї ва номи забони мардумони њиндуэронї бар пояи маќом ва маънои воќеии таърихии он мавриди ќабул ва истифодаи умум ќарор гирифтааст Истилоњи ориёї дар маънои илмї дар нисбати номи забони муштараки ориёињои эронї ва ориёињои њиндї аслан муодили истилоњи њиндуэронї мебошад Баъдан барои тафовут гузоштан миёни шохаи эронї ва њиндї барои шохаи њиндї истилоњи њиндуориёї истифода гардид , ки он ба њама забонњо ва лањљањои њиндии дорои як манбаи муштарак иртибот дорад Дар њар маврид истифодаи истилоњи таърихии ориёї њамчун муродифи истилоњи илмии њиндуэронї дар баёни таърихи дури нажоди эронї ва њиндї ва ё ориёињои эронї ва њиндї воќеияти таърихї буда , онро наметавон инкор кард Дар робита ба ин бояд тазаккур дод , ки аз ховаршиносони варзидаи рус академик В В Бартолд дар давроне , ки истилоњи ориёї ба маънои њиндуаврупої истифода мешуд , ин истилоњро бисёр дуруст ва огоњона ва бо дарки воќеияти таърих барои забонњои гуногуни шарќии эронии сокинони ќадими Осиёи Миёна - гузаштагони тољикон ба кор бурдааст Ба гумони мо В В Бартолд истилоњи ориёиро барои давроне , ки ин мардумон нажоди ‐ 9 ‐ худро бо ин ном ёд карда ва худро танњо бо њамин ном мешинохтаанд ва дигар мардумон низ онњоро бо њамин ном мехондаанд , хеле муносиб истифода кардааст Дар њоле ки барои забони мардумони ориёии њиндї истилоњи ориёї ва ё њиндуориёї мавриди ќабул ва истифода ќарор дорад , пас чаро дар мавриди мардумони ориёии эронї , ки дар доштани ин номи муштараки нажодї бо бародарони њиндии худ њаќќи баробар доранд , ин истилоњро бо дарназардошти маќом ва корбурди таърихии он набояд истифода кард ? Њол он ки номи « арйа » дар суннати ориёии эронї , бинобар манобеи хаттии даврањои гуногуни таърихии ин мардумон ва осори хаттии дигар мардумон маќом ва корбурди бештар ва суннати тўлонитар дорад Бинобар маќоми таърихии номи нажодии арйа ( ориё ва ориёї ) ин истилоњ , њамон тавре ки барои ориёињои њиндї ба кор меравад , њамин тавр барои ориёињои эронї низ њамчун номи таърихї ва суннатии ин мардумон бояд истифода ва пазируфта шавад Забонњои њиндуэронї ва ё ориёї ба хонаводаи забонњои њиндуаврупої шомил буда , як шохаи муњим ва таърихии ин хонаводаро ташкил медињанд Забонњои њиндуэронї дорои осори бесобиќаи таърихї мебошанд , ки он нахуст дар сунннати шифоњї ва баъдан дар суннати бисёр куњани навишторї таи њазорсолањо идома дошта ва имрўз ин осор њамчун шоњиди айнї аз гузаштањои дури таърихи мардумони ориёинажод ба мерос мондааст Забонњои њиндуэронї бо доштани манобеи муњим ва арзишманд дар бозсозии нахустзабони муштараки њиндуаврупої дар миёни дигар забонњои њиндуаврупої дорои мартаба ва маќоми хоса мебошанд , ки инро пажуњишњо ва баррасињои илмии беш аз ду аср дар забоншиносии њиндуаврупої ва забоншиносии муќоисавии таърихї ба хубї собит сохтаанд Яке аз муњимтарин далелњои раднопазир дар мавриди таърих ва пайванди нажодии мардумони ориёї ва ё ба истилоњи дигар њиндуэронї муштаракот ва шабоњату њамгунињои забонии мардумони ориёии эронї ва ориёии њиндї мањсуб мешаванд Муштаракоти забонї якљо бо муштаракоти суннативу динї ва фарњангии ин мардумон аз муќоисаи мероси беназири онњо дар мисоли Авесто ва Ведо бармеояд Ин ду ёдгории арзишманд бо доштани манбаи муштарак аз офаридањои мероси фарњангии њар кадоме аз ин мардумони њамнажод мањсуб мешаванд Бар асоси пажуњишњои тўлонї ва фарогир дар бахши Авесто ва Ведо аз роњи муќоисаи мушаххасоти забонии ин осор њама он хусусиятњои ової , дастурї ва лу ғ авии забонњои эронии бостон ва њиндии бостон ва дар маљмуъ хусусиятњои забонии муштараки њиндуэронї дар ‐ 10 ‐ њазорсолањои пеш аз милод ба таври даќиќ тањќиќ , ташхис ва ошкор гардидаанд Натиљаи пажуњишњои тўлонии донишмандони љањон аз роњи тањќиќоти муќоисавии таърихї чигунагии робитањои забонии мардумони ориёиро аз замони сукунати муштараки онњо то ба баъд ба таври даќиќ муайян менамояд Аз муќоисаи забонии Авесто ва Ведо як нуктаи бисёр муњим дар муоширати озоди ин мардумон дар замони сукунати тўлонии онњо дар як сарзамин то ба замони муњољират ба сарзаминњои кунунии иќоматашон таъйид мегардад Њамчунон ки дар мисоли забони Авесто , бахусус куњантарин бахши он Готњо ( сурудњо ) ва забони Ведо собит мешавад , тафовутњои љойдошта дар ин осор дар пояи тафовутњои лањљавї миёни ду лањљаи бо њам наздики як забони муштарак ќарор доранд Бар асоси он њама хусусиятњои забонї муњаќќиќон ба ин натиља расидаанд , ки ориёињои эронї ва њиндї њангоми сукунат дар сарзаминњои хеш байни њам ба таври озод муошират намуда , дар дарки гуфтори њамдигар мушкилоти љиддї надоштаанд Муштаракоти забонї , фарњангї ва диниву суннатии ориёињои эронї ва њиндї худ далели сукунати муштараки тўлонии ин мардумон дар як сарзамини воњид мебошад Пас аз муњољирати мардумони ориёии њиндї таќрибан дар о ғ ози дуњазорсолаи пеш аз милод ба Њинд замони људоии ќавмњои ориёии эронї ва њиндї о ғ оз мегардад Бо дарназардошти он ки забони Авесто дорои махсусиятњои лањљавї мебошад ва лањљањо дар дохили ин забон на ба якборагї , балки замоне чанд пас аз људої ё парокандагии як забони муштараки ориёии эронї , ё эронии бостон метавонист сурат гирад , ба андешаи бархе аз донишмандон , аз љумла В И Абаев замони аз њам људошавии муштаракоти ориёиро њатто метавон ба њазорсолаи сеюми пеш аз милод мансуб донист Таќрибан пас аз њазор соли муњољирати њиндуориёиён муњољирати як гуруњ аз ќабоили ориёии эронии сокини Осиёи Миёна ба сарзамини Эрони кунунї сурат мегирад Ин мардумони ориёї гузаштагони модњо , порсњо ва дигар ќабоили ориёии ( эронии ) ѓарбї буданд Бархе аз муњаќќиќон , аз љумла Г Моргенстерне бар асоси далелњои забонї дар бахши муштаракоти фаровони лу ғ оту истилоњот дар ин забонњо ва чанде аз иќтибосоти замони Њахоманишиён дар забонњои њиндуориёї ба ин натиља расидаанд , ки дар асрњои VI-V пеш аз милод низ кишоварзон ва кўчиёни ориёии эронї ва њиндї , бидуни шубња дар муошират гуфтори њамдигарро хуб дарк мекардаанд Гуруњи дигари ќабоили ориёии эронї аз шарќ ба љанубу шарќи Аврупо , ба сўи Кавказ ва соњилњои ‐ 11 ‐ Бањри сиёњ муњољират карданд Ин мардумон скифњо ва ё ќабоили сакої буданд , ки дар асрњои IX–VIII пеш аз милод ин сарзамин - њоро макони зисти хеш ќарор додаанд Ќабилањои дигари ориёинажоди сакої аз Осиёи Миёна ва ё ноњияњои њаммарзи Ќазоќистон ба Туркистони шарќї муњољират намуданд Ин мардумон аз худ осори хаттии фаровоне дар ин сарзамин ба ёдгор гузоштаанд , ки он бо номи ёдгорињои сакоии хутанї маъруф аст Бар асоси далелњои таърихиву бостоншиносї ва забониву љу ғ рофї пажуњишгарон сарзаминњои густариши мардумон ва забонњои ориёии эрониро дар њудуди бисёр густурдае аз љанубу шарќи Аврупо то ба Туркистони шарќї ва аз назди Урал ва љануби Сибир то љануби Эрон муайян намудаанд Мардумони дигари ориёии шарќї , ба монанди бохтарињо , су ғ дињо , хоразмињо ва чанде аз ќабоили сакої барои њамешагї дар сарзамини таърихии хеш – Осиёи Миёна сукунат ихтиёр кардаанд Дар мавриди мансубияти таърихии ин сарзамин ба мардумони ориёї , ба хусус ќавмњои ориёии эронї академик В В Бартолд чунин менависад : « То он љое , ки метавонем таърихи Осиёи Миёнаро мутолиа намоем , ањолии бумии он њамеша ба ќабоили ориёї , ба вижа ба гуруњи эронии мардумони ориёї мансуб будааст ». Њамчунон ки академик Б Ѓафуров дар тањќиќоти хеш « Тољикон » нигоштааст , аз њамин мардумон , ќабл аз њама бохтарињо ва су ғ дињо , баъдан мардуми тољик њамчун халќият ташаккул меёбад Акнун мепардозем ба чигунагии бунёди номи этникии « арйа ». Номи арйа танњо дар осори хаттии мардумони њиндуэронї зикр шуда ва танњо ин мардумон худро ориёї хондаанд : дар Авесто аирйа , Ведо арйа , дар катибањои замони Њахоманишиён арийа , дар забони муштараки њиндуэронї арйа ( ё бо а - и дароз ва ё кашида дар о ғ оз ба гунаи орйа , мисли ориё ). Ин номи нажодї барои мардумони њамтабори ориёии эронї ва њиндї ва ё дар маљмуъ њиндуэронї ба таври муштарак ба кор мерафтааст Дар Ригведо ва Авесто арйа маънои асил , наљиб ва мењмоннавозро дорад Њам - чунин дар матни Авесто ин ном ба маънои озода , арљманд ва шукуњманд низ истифода шудааст И Покорни аз донишмандони риштаи забоншиносии њиндуаврупої дар фарњанги этимологии хеш шакли ин калимаро дар нахустзабони њиндуаврупої ба гунаи « арио » бозсозї намуда ва маънои онро соњиб ва озода гуфтааст Ташаккули таърихии ин ном дар осори забонњои эронии бостон ва њиндии бостон бо зикри манобеи илмии ќаблї аз љониби донишмандони шинохтаи аврупої Э Бенвенист ва М Майрњофер ‐ 12 ‐ мавриди тањлил ва баррасии њамаљониба ќарор гирифта , бар асоси далелњои решашиносї ё этимологї бунёд ва маънои он ташхис ва муайян гардидааст Истилоњи арйа ( ориёї ) пас аз даврони авестої ва матни Авесто дар суннати хаттии дигар мардумони ориёии ғ арбї то даврони Сосониён роиљ будааст Истилоњи мазкур аз даврони Њахоманишиён ба Ашкониён ва аз Ашкониён ба Сосониён идома ёфта ва он њамчун ифтихори нажодї дар давлатдории ин хонадонњо њифз гардидааст Истифодаи арйа дар ташкили номњои ашхос аз замони Њахоманишиён то Сосониён ва идомаи чунин номгузорї дар осори пањлавї то замони роиљ будани ин суннати хаттї далели шинохт ва маъруфияти нажоди ориёї дар миёни худи мардумони ориёї будааст Дар замони Њахоманишиён ва катибањои шоњони ин хонадон истилоњи арйа њам ба маънои нажод ва њам забони ин нажод ёд мешавад Дориюши I - шоњи њахоманишї дар ду катибаи хеш бо ифтихор нажод ва забони худро ориёї хонда ва чунин навиштааст : « Ман , Дориюш шоњи бузург , шоњи шоњон , ... писари Виштосп , њахоманишї , порей , писари порей , ориёї , писари ориёї ( њастам )» ( Катибаи Дориюш дар наќши Рустам , банди 2). Дар катибаи дигари Дориюш дар Бесутун , ки дар панљ сутун ба се забон нигошта шудааст , дар матни форсии бостон дар сутуни чањорум , сатри 89 дар бораи ин сангнабишта ва забони он чунин омадааст : « Ин набиштаи ман ( аст ), ки ман кардам Ба илова ба ( забони ) ориёї буд Њам рўи лавњ , њам рўи чарм нигошта шуд ». Дар идомаи матни ин катиба Дориюш меафзояд : « Илова ба ин насабнома тартиб додам Пеши ман њам навишта ва њам хонда шуд ». Њамчунон ки мебинем , он чи дар ин катибањо омадааст , ба фармони Дориюш навишта шуда ва аз љониби вай таъйид гардидааст Бо таваљљуњ ба тартиби навиштаи матни аввал Дориюш нахуст аз мансубияти хонаводагї , сипас мансубият ба кишвар ва ё сарзамини хеш ва дар нињоят аз мансубияти нажодии худ ёдовар шудааст , ки зикри нажоди ориёї дар анљоми сухан низ ба њамин далел аст Аз ин шоњиди таърихї собит мегардад , ки Њахо - манишиён нажод ва забонашонро ориёї хондаанд ва онро ба њама мардумони кишварњои мутеи шоњаншоњии њахоманишї ба забонњои бобулї , иломї ва оромї низ эълом доштаанд ва ба сарзаминњои гуногун фиристодаанд Навиштаи Дориюш дар мавриди нажоди вай дар ин катибањо на танњо барои он замон , балки барои ояндагон ва њама наслњои таърихи башарї њамчун шоњиди айнї аз умќи ќарнњо то ба ‐ 13 ‐ рўзгори мо ба ёдгор монда ва он далели ќотеъ дар бораи мансубияти ин мардумон ва шинохти онњо мебошад Мардумони дигари ориёии ғ арбї – модњо , ки ќабл аз Њахоманишиён њукумат мекардаанд , низ мисли Њахо - манишиён нажоди худро ориёї мегуфтаанд Чун аз замони модњо ва забони мардумони мод њељ гуна осори хаттї мањфуз нест , аз ин рў ба далелњои дигари таърих метавон мурољиат кард Дар як матни бобулии катибаи Дориюш дар Порс ( Персеполис ) донишмандон иборањои « Порсу Мод ва кишварњои дигар забонњо »- ро хонда ва ба ин натиља расидаанд , ки матлаб аз овардани Порсу Мод дар ин навишта ба он маънист , ки ин мардумон , яъне порсњо ва модњо забони њамдигарро хуб дарк мекарданд Њамчунин бар асоси навиштаи Њеродот дар он даврон « њамагон онњоро ( модњоро ) ориёї ( шакли юнонї ариои ) мехондаанд ». Далели дигар , ки метавон аз Њеродот ёд кард , ин зикри яке аз ќабилањои мод , аз љумлаи он шаш ќабилаи модњо , дар китоби ин таърихнависи юнонї мањсуб мешавад Номи ин ќабиларо Њеродот ба гунаи аризантои оварда , ки шакли он дар забони модњо арйазанту , аз љузъњои арйа - ориёї ва занту ба маънои ќабила ва дар маљмуъ « ќабилаи ориёї » маънї мешавад Истилоњи занту ба маънои ќабила њанўз аз љомеаи ориёии авестоии ќабл аз модњо ва Њахоманишиён маълум буда , корбурди ин истилоњ дар номи ќабилаи модњо идомаи њамон суннати куњани ориёист Муштаракот ва шабоњати наздики забони модњо њамчун лањљаи шимолї - ғ арбї ва забони порсњо ( форсии бостон ) њамчун лањљаи љанубї - ғ арбї аз нахустзабони ориёии ғ арбї ва ё эронии бостони гуруњи ғ арбї имрўз аз тањќиќ ва муќоисаи иќтибосњо аз забони модњо дар осори форсии бостон ва дигар забонњои ғ айриэронии замони Њахоманишиён собит гардидааст Тафовутњои ошкоргардида дар ин забонњо тафовутњои лањљавї буда ва ин омил далели пайванди наздики ин ќавмњои ориёии ғ арбї дар он даврон мебошад Бинобар навиштаи таърихнависони юнонї чанде аз ќабилањо ва мардумони дигари ориёии ѓарбї бо номи арйа ёд мешудаанд Ин номњо дар осори таърихнависони юнонї , аз љумла Њеродот , Арриан , Птоломей , Страбон ва дигарон дар савтиёт ва баргардони юнонї маълуманд Аз љумла ариаспаи аз арйааспа « дорандаи аспњои ориёї » - номи мардумони ориёии эронї , ки дар канори рўди Њилманд дар Аф ғ онистони кунунї сукунат доштаанд , ариакаи аз эронии арйака , яъне ориёиён - номи ќабоили ориёии сокин дар поёноби Сирдарё ва ғ айра ‐ 14 ‐ Таърихнависи юнонї Страбон порсњо , модњо , бохтарињо , хоразмињо , су ғ дињо ва сакоињоро , ки бинобар ќавли ў таќрибан ба як забон гуфтугў мекардаанд , ба ориёињо ( дар истилоњи Страбон арианес ) мансуб медонад Аз ин ќавли Страбон метавон дарёфт , ки муштаракоти забонии мардумони ориёии шарќї ва ғ арбї пас аз људошавии онњо аз сарзамини нахустинашон замони тўлонї њифз гардидааст Як нуктаро бояд тазаккур дод , ки дар сарзамини ориёињои шарќї - Ориёно ( Осиёи Миёна ва Аф ғ онистони кунунї , њамчунин шарќи Эрони имрўза ) мардумони шарќии ориёї низ дар даврони модњо ва Њахоманишиён њамоно худро ба номи нажоди ориёї ёд мекарданд Бинобар бозёфтњои солњои охир аз Аф ғ онистон дар як сангнабиштаи бохтарї забони ин матн арйа , яъне ориёї гуфта шудааст Ин далели таърихї исботи он аст , ки яке аз рукнњои гузаштагони тољикон – мардуми бохтарї забони худро ориёї меномидаанд Номи арйа , арйана њамчун истилоњи этникї дар таркиби номњои ашхос ва номњои љу ғ рофии сарзаминњои таърихї ва ё ватани мардумони ориёї њам дар Авесто , њам дар осори замони Њахоманишиён , њам дар манобеи юнонї ва исломї корбурди фаровон дорад , ки ин њама далели мансубияти ин ашхос ва љойњо ба нажоди ориёист Арйа дар таркиби номњои хос дар Авесто ва осори њахо - манишї ба забони форсии бостон : Аирйанем Ваеља – Эронвиљ – нахустин сарзамини ориёињо , аирйанем хварена , яъне фарри Ориён , Аирйа шайана ( Арйа - шайана ), яъне ошёни ( сарзамин , нишемангоњ , манзилгоњ ва ё ватани ) ориёињо , аирйо - хшуса – номи яке аз куњњо дар Йашти 8, банди 6: Аирйамана – номи фариштаи ( эзиди ) нигањбон , оштї , дўстї ва шодию хушбахтї , ба маънои дорои андешаи ориёї ва ё ориёандеш , Арийарамна ( Ариарамна ) - номи љадди Дориюши I ва набераи Њахоманиш , ба маънои касе , ки ба ориёињо оромиш мебахшад ва ё оромбахши ориёињо , Арийа - чисра – ориёчењр , яъне аз нажоди ориёї , ориёинажод Номи нажоди ориёї – арйа дар таркиби номњои хоси ориёї дар осори таърихнависони юнонию румї ба кор рафтааст , ки он далели шинохти номи ин нажод дар он даврон дар миёни дигар мардумон мебошад Ба таври намуна : Ариабигнес , Ариамнес , Ариапатњес , Ариантас , Арибарзанес , Арибазос , Ариамазес , Ариарамнес , Арифарнес , Ариаменес ва ғ Истилоњи этникии арйа дар таркиби номњои таърихии љу ғ рофї , аз ќабили Алан ( Алон ), Албан ва Арран низ мањфуз мондааст , ки он иртиботи мустаќими ориёињоро бо ин сарзаминњо ‐ 15 ‐ собит менамояд Њамчунон ки медонем , алан ин номи ќабоили скифї ( гузаштагони мардуми осетин ) ва шакли скифии номи арйа мебошад Шакли дигари номи этникии арйа ба гунаи ир - дар номи Иристон ба маънои макон ва ё љойгоњи мардумони ориёитабори осетин дар Кавказ мањсуб мешавад Арйа дар номњои ашхоси замони Ашкониён бар асоси осори портии кашфшуда аз шањристони Нисо ( наздики Ашќобод ) низ ба мушоњида мерасад : Ариабонук , Ариабарзан , Ариамињрак , Арианиястак , Ариасохт Пас аз осори замони Њахоманишиён манобеи дигар дар мавриди номи арйа осори забонњои портї ва форсии миёнаи ашконї ва сосонї ба шумор меравад Тањаввулоти овоии номи арйа дар даврањои таърихии осори забонњои бостон ва миёна чунин аст : авестої аирйа , осори њахоманишї арйа , порти ари , форсии миёнаи сосонї эр ё ир ба маънои ориёї ва њам эронї ; тавассути пасванди - он Эрон ( Ирон ) - номи кишвар Дар матни портии ду катибаи замони Сосониён номи кишвари Эрон ба шакли Арйон мутобиќи савтиёти забони портї ва дар китоби пањлавии Динкард ( китоби чањорум ) ба гунаи Арйастон омадааст , ки ин далели истифодаи истилоњи арйа дар баробари шакли нави он , яъне Эрон дар он даврон мебошад Аз даврони Сосониён шакли Эрон бар ивази Ориён ( Ариана ) ба таври расмї дар осори даврањои баъдї мутадовил мегардад Шакли портии ари дар муќобили шакли форсии миёнаи сосонї бо дарназардошти махсусиятњои лањљаи шимолї - ғ арбї идомаи гунаи арийа аз забони модњост Тафовут миёни шаклњои портї ва форсии миёна дар пояи тафовути лањљањои шимолї - ғ арбї ва љанубї - ғ арбии забони муштараки ориёии ғ арбї дар Мод ва Порс сурат гирифтааст Дар форсии миёна дар баробари маънои истилоњї , маънои бунёдии арйа мутобиќи маънои авестої , яъне озода , асил ва ё наљиб низ мањфуз мондааст Ин маъно њам дар катибањои сосонї дар мисоли катибаи Шопур дар Каъбаи Зардушт ( дар матнњои форсии миёна ва портї ) ва њам осори пањлавї ба кор рафтааст Якљо бо ин маъно дар осори пањлавї вожаи мазкур ба маънои гурд , далер ва ќањрамон низ омадааст , ки онро метавон махсуси забони форсии миёна ва осори он донист Дар замони Сосониён ва осори форсии миёна аз шакли арйа бо замимаи пасванди љамъбандї мутобиќи савтиёти забони форсии миёна номи кишвари Эрон мутадовил гардид Шакли номи Эрон дар забони форсии миёна тањаввулоти баъдии истилоњи Арйана аз даврони модњо ва Њахоманишиён мањсуб мешавад Дар замони Сосониён , бинобар осори хаттии он даврон , номи Эрон њам ба маънои кишвари таърихии ориёиён ва њам эрониён аст Ба ибораи ‐ 16 ‐ дигар дар номи Эрон дар ањди Сосониён якљо ба маънои кишвари Эрон маънои куњани он , яъне кишвар ва ё сарзамини Ориён низ мањфуз мондааст Њамчунин истилоњи дигари арзї дар замони Сосониён - Эроншањр ба маънои шањриёрї ва ё кишвари Эрон , њамчун номи расмии шоњаншоњии сосонї аз истилоњи куњани ориёии Арйанам - хшасрам ба маънои подшоњии ориёї ташкил ёфтааст Истилоњи арзї ва ё номи кишвари Арйана ( Ориён ) бори нахуст дар манобеи юнонї ба шакли Ариана ба маънои кишвари ориёињо зикр мешавад Њамчунон ки академик В В Бартолд дар асоси маълумоти И Маркварт овардааст , номи Ариана ба маънои кишваре , ки мутеи давлати Ашкониён будааст , бори аввал аз љониби Эратосфен ( асри III то милод ) ёд шудааст Дар осори замони Сосониён истилоњи этникии эронаг ( аз истилоњи куњани арйанака ) ба маънои ориёї ва эронї ба кор рафтааст Бинобар осори портї ва форсии миёнаи сосонї маънои ориёї ва ё нажоди ориёї ва кишвари Ориё дар он замон дар ин ном њанўз мањфуз будааст Пас аз замони муњољирати ориёињои њиндї ба Њинд мардумони ориёии эронї дар ватан ва сарзамини хеш – Осиёи Миёна ва дигар манотиќи њамљавори он сокин мондаанд Дар асоси далелњои таърихї , забонї ва љу ғ рофию этнолингвистї муњаќќиќон Осиёи Миёна ва сарзаминњои дигари таърихии њамљавори онро маркази муњољирати ориёињо ва густариши забонњову лањљањои ориёї ба дигар манотиќи дуру наздик медонанд Аз манобеи то ба замони мо расида дар мавриди сарзаминњои мардумони ориёї куњантарин ва муњимтарин манбаъ ин ёдгории суннатии ориёиён Авесто , аз љумла яке аз бахшњои он Вандидод мањсуб мешавад Бахши аввали Вандидод њамчун манбаи муњими љу ғ рофию таърихї дар мавриди сарзаминњои ориёии эронї таваљљуњи бисёр донишмандонро љалб кардааст Дар бандњои 3 то 20 ин бахш номи 16 сарзамину кишварњои ориёї дар чунин тартиб ёд мешаванд : 1. Ариана Ваеља – Эронвиљ ( нахустин сарзамини нимасотирї ), 2. Гава Сугда шайанам – Суѓд ( дар тарљумаи пањлавї Су ғ диг - монишн , яъне маскани суѓдї ), 3. Моуру – Марв , 4. Бахди – Балх , 5. Нисайа – Нисо ( миёни Балху Марв ), 6. Њарайва – Њирот , 7. Вейкта - водии Кобул , 8. Урва – Хуросон , 9. Хнента – Гургон , 10. Њарањваити – Арахосия , 11. Њаетумант – Њилманд , 12. Рага – Рай ( шарќи Мод ), 13. Чахра ( љое дар Хуросон ), 14. Варна , 15. Њанта – Њинду – сарзамине дар Њинд ( Панљоб ), 16. Рангња – Аранг Ин бахши Вандидод њама сарзаминњо ва кишварњои сукунати ориёињоро фаро намегирад Дар Авесто аз дигар сарзаминњои зисти ориёињо , рўдњову куњњо ва бањру кўлњои ‐ 17 ‐ сарзаминњои ориёї зикр шуда , ки ин њама бо истиснои номњои асотирї дар маљмуъ љу ғ рофияи кишварњои ориёиро ташкил медињад Матлаб аз зикри ин сарзаминњо чигунагии тавсеаи њудуди кишварњои ориёї дар њазорсолањои то милод мебошад Ин сарзаминњо марбут ба мардумони ориёии шарќї буда ва ин мардумони ориёї баъдан бо номњои њамин кишварњояшон дар таърих ва осор шинохта шудаанд Њамчунон ки мебинем , дар миёни ин сарзаминњо кишварњои ғ арби Эрон , ба монанди Мод , Порс ва Порт зикр нашудаанд Дар ин фењристи кишварњо аз Хо - разм низ ёд нашудааст Њол он ки Хоразм дар дигар бахши Авесто , аз љумла дар Йаштњо ( Мењр Йашт ) пас аз Су ғ д ба гунаи Хвоиризам зикр мешавад Бо далели он ки Хоразм дар ин бахши Вандидод наомадааст , бархе аз муњаќќиќон нахустин кишвар ва ё ватани ориёињо Эронвиљро ба Хоразм нисбат додаанд Аммо њамчунон ки И М Дяконов бо овардани чанд далел собит менамояд , мафњуми Эронвиљ аз њудуди љу ғ рофие чун Хоразм густурдатар ва васеътар буда , ин сарзамин пањнои Осиёи Миёна ва дар маљмуъ сарзамини таърихии шарќи Ориёро фаро мегирад Аз ин рў И М Дяконов Эронвиљро дар маънои кулл муодили истилоњи љу ғ рофии Ариана дар осори юнонї медонад Дар њар сурат нуктаи муњим он аст , ки љузъи нахусти номи ин сарзамин – Ариана аз номи ќавм ва ё мардумони ориёї берун омада ва он номи сарзаминест , ки ориёињо нахуст дар он сукунат доштаанд Бањсњо атрофи ин ном тўлонї буда , зикри тамоми онњо аз доираи маќолаи мо хориљ мебошад Фењристи сарзаминњо ва дар маљмуъ њудуди љу ғ рофии зисти ориёињо дар њазорсолаи пеш аз милод ба баъд далели чигунагии густариши ин мардумон дар он даврони дури таърих дар чунин як њудуди пањновар буда ва ин омили љу ғ рофї бо мурури замон тайи ќарнњо иллати пайдоиши тафовутњо дар лањљањо ва забонњои мардумони ориёї гардидааст Яке аз далелњои воќеї дар мавриди сарзаминњои нахустини зисти иттињоди ориёиён дар њазорсолаи то милод аз даштњои љануби Русия то Осиёи Миёна ин бозмондаи номњои љу ғ рофии ориёї дар ин сарзаминњо ва иќтибосњои ориёї ( аслан скифї ) дар забонњои славянї мањсуб мешавад , ки тањќиќотњои муњими забоншиносии рус ва Ғ арб исботи ин гуфтањо мебошанд Мардумони ориёї дар роњи муњољират ва иќомати тўлонии хеш то ба Осиёи Миёна , яъне ватани њамешагиашон дар он њазорсолањо аз худ нишони фаровоне бар љой гузоштаанд Таърихи бисёр дури робитаи забонњои мардумони ориёї ва славянї дар тањќиќотњои илмии донишмандони шинохта В И Абаев , В Н Топоров , О Н Трубачев , А А Зализняк , Д И Эделман ва чанде дигарон мавриди тањќиќ ќарор гирифтааст ‐ 18 ‐ Барои огоњии хубтару бештар аз робитањои таърихии мардумон ва забонњои ориёию славянї алоќамандон метавонанд ба яке аз тањќиќотњои чанд сол ќабл ба табъ расидаи эроншиноси рус Д И Эделман мурољиат намоянд Дар робита ба бархе аз нишонањои забонии ориёиён дар теъдоде аз номњои љу ғ рофї дар сарзаминњои кунунии мардумони славянї донишмандони рус номи рўдњои маъруферо , чун Дон , Днепр , Днестр ва Об далел оварда ва собит сохтаанд , ки ин номњо намунаи бисёр куњан аз забонњои ориёї буда ва ба ин забонњо мансуб мебошанд Номи Дон дар забонњои славянї ба бунёди ин калима дар забони авестої дону ба маънои « рўд » ва идомаи он дар осетинї дон « рўд , об » иртибот дорад Дар робита бо ин бояд афзуд , ки дар Авесто ( Обон Йашт , пораи 73) дону номи яке аз ќабилањои тўронї зикр шуда , дар Фарвардин Йашт , пораи 38 аз хусумат ва душмании ин ќабила бо ќабилаи дигари ориёї низ ёд мешавад Таърихи робитањои ориёињоро бо мардумони славян дар минтаќаи Дунай муњаќќиќони рус ба миёнаи њазорсолаи пеш аз милод марбут дониста , ин робитањоро дар мисоли дигар забонњои славянї ва балтї низ баррасї ва тањќиќ намудаанд Яке аз бозёфтњои муњим дар робита ба куњантарин сарзамини сукунати ориёињо дар навоњии љануби Русия ин осори бостоншиносї аз ин манотиќ мебошад Аз љумлаи чунин осор метавон аз бозёфтњои бостоншиносии Аркаим дар љануби Урал ( вилояти Челябински Россия ) ёдовар шуд Њамчунон ки бостоншиносони рус муайян кар - даанд , ин осор таърихи беш аз чањорњазорсола дошта , ба асри XVI пеш аз милод мансуб аст Ањромњои аз ин мавзеи бостонї кашфшуда бинобар ташрењи роњбари ин њайати илмии бостоншиносї мероси мардумони ориёї мебошанд Аз ин мавзеъ макони оташ низ кашф шудааст , ки он махсуси суннат ва оини мардуми ориёї мебошад Идомаи ковишњои бостоншиносї дар Аркаим натиљањои даќиќтар ва бештареро дар робита ба тамаддуни куњани ориёї аз ин сарзамин дар интизор дорад Њамин тариќ , дар асоси далелњои таърихї , забонї , љу ғ рофї ва этнолингвистї аз њазорсолаи аввали пеш аз милод сарзаминњои зисти ориёињо густариш ва вусъати бештар доштааст Пас аз муњољирати гуруње аз ориёињо ба марказ ва ғ арби сарзамини Эрони кунунї ва заиф гардидани робитањои њамешагї ва наздики забонї бо ориёињои шарќї бо мурури замон миёни забонњои мардумони ориёии шарќї ва ғ арбї тафовутњо падид меоянд Бинобар њудуд ва мавќеи љу ғ рофї ва тафовутњои забонї ин забонњо ва лањљањо ба ду гуруњи бузурги шарќї ва ғ арбї људо ‐ 19 ‐ мешаванд Њамин тавр , иттињоди ягонаи забонии мардумони ориёї дар шохањои људогонаи шарќї ва ғ арбї ташаккул ёфта ва њар кадоме аз онњо дар навбати худ нахуст ба лањљањо ва баъдан дар маќоми забонњои мустаќили ориёии шарќї ва ғ арбї шакл мегиранд , ки далели ин забонњо ва лањљањои куњан ва муосири шарќї ва ғ арбї мебошад Бар асоси далелњои фаровони забоншиносї , таърихию бостоншиносї ва љу ғ рофї муњаќќиќон сарзаминњои зисти ориёињо ва густариши забонњои ориёиро аз миёнањои њазорсолаи аввали пеш аз милод чунин арзёбї кардаанд : даштњои љанубии Русия , соњилњои бањри Сиёњ , назди бањри Азов то шимоли Кавказ ( скифњо ва сарматњо ), Осиёи Миёна , минтаќањои назди соњилњои Сирдарё , ќисмати шарќ то Туркистони шарќї ( мардумони сакої ), водињо ва воњањои Осиёи Миёна дар њавзаи Зарафшон , Ќашќадарё ва ноњияњои атрофии он ( су ғ дињо ), поёноби Амударё ( хоразмињо ), болооб ва ќисмат - њои миёнаи соњилњои рост ва чапи Амударё ( бохтарињо ), як бахши Хуросон то љануби Туркманистон ( портњо ), шимолу ғ арби Эрон ( модњо ), љанубу ғ арби Эрон ( порсњо ). Манобеи дигар дар бораи бархе аз мардумони ориёї осори шумерї , бобулї , эламї , юнонї ва лотин мањсуб мешавад Ба таври мисол , куњантарин манбаи хаттї дар мавриди зикри модњо ва порсњо дар сарзамини Эрони кунунї солномањои шумерии мутааллиќ ба асри IX пеш аз милод ба шумор мераванд Ин њама далели чигунагии густариши мардумони ориёї , забонњову лањљањо ва фарњангу суннати онњо дар чунин њудуди пањновари љу ғ рофї дар њазорсолаи аввали пеш аз милод ба баъд будааст Сарзаминњои зисти мардумони ориёї ва забони муштараки ориёии бостон якљо бо лањљањои мањаллии он њамин сарзаминњо ва кишварњои авестої ба шумор мераванд Аз нахустзабони куњани ориёии эронї ва ё нахустзабони ориёии бостон , ки дар истилоњи илмї эронии бостон хонда мешавад , ба таври мустаќим њељ гуна намуна аз осори хаттї мањфуз намондааст Идомаи ин забони муштарак аз забонњои ориёии бостон забони авестої , забони мардумони мод , форсии бостон , забонњои су ғ дии бостон , хоразмии бостон , бохтарии бостон , скифии бостон ва дигар забонњову лањљањои бостонии сакої мањсуб мешаванд Аз забонњои бостон танњо аз забони авестої ва ориёии замони њахоманишї ( порсии бостон ) осори хаттї дар дастраси мо ќарор дорад Аз давраи бостонии забонњои суѓдї , хоразмї , бохтарї ва сакої њељ гуна осор ва ё намунаи осор вуљуд надорад Аз ин ‐ 20 ‐ забонњо танњо осори марбут ба давраи миёнаи рушди онњо то замони мо расидааст Куњантарин намунаи забони ориёии бостон забони авестої дониста мешавад Забони авестої , бар асоси матни китоби Авесто , дорои ду лањља буда , ки лањљаи Готњо ( сурудњо ) дар муќоиса бо лањљаи бахшњои дигари Авесто ќадимтар аст Лањљаи Готњо аз нигоњи вижагињои ової ва лу ғ авї марбути забонњои ориёии ( эронии ) шарќї ва лањљаи дигар бахшњои он дорои њам вижагињои забонњои шарќї ва њам ғ арбї мебошад Яке аз далелњои ќадимияти лањљаи Готњо ин наздикї ва муштаракоту њамоњангињои он бо забони ведоњои санскрит мањсуб мешавад Муштаракоти забонии Авесто , ба хусус бахши Готњо ва Ведо , аз муштаракоти он бо забони форсии бостон ва ё забони осори катибањои њахоманишї ба маротиб наздиктар аст Ин далели забонї ва муќоисањои забони Авесто бо дигар забонњои ориёї ё эронии шарќї , аз љумлаи осори забонњои шарќии давраи миёна , мисли су ғ дї , бохтарї , хоразмї ва сакоии хутанї мансубияти забони авестоиро бо забонњои ориёии шарќї бори дигар собит менамояд Чун осори забонњои су ғ дї , бохтарї , хоразмї ва сакої марбут ба давраи миёнаи ташаккули онњост , на ба даврони бостонии сохтори ин забонњо , аз ин рў метавон ќазоват кард , ки муштаракот ва њамоњангињои забони авестої ба давраи бостонии ин забонњо боз њам бештар ва наздиктар будааст Ин забонњои ориёии шарќї ва дигар забонњову лањљањои матруки шарќї , ки замоне дар сарзаминњои зисти мардумони ориёї рои